Дар нуқтаи гузаргоҳӣ-назоратии «Панҷи поён» барои намояндагони хадамоти сарҳадӣ ва гумрукии 12 кишвари Аврупо «Курсҳои сарҳадӣ барои омӯзиши ҳайати роҳбарикунанда» ба анҷом расид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, курсҳо аз тарафи Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо” (САҲА) дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи охирини курсҳо барои шунавандагон ба ҳайси коршинос корманди Агентӣ даъват гардид, ки муаррифиномаи амалӣ ва назариявиро оид ба кофтуков ва ошкор намудани маводи нашъаовар бо истифода аз саги хизматӣ, санҷиши дастгоҳи махсус оид ба муайян намудани героин ва дигар маводи нашъаоварро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ гузаронид.
Гуфта мешавад, инчунин муаррифиномаи амалии Хадамоти кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ташкил карда шуд.



