Оғози парванда нисбати Муаттара Ҷӯраева ба ивази 1 ҳазор $



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон нисбати муфаттиши ШВКД-2-и ноҳияи Сино Мустафоқул Каримов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Муфаттиш, ки аввали моҳи октябр нисбати диктори маъруфи телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд, боздошт шудааст.

Тавре аз Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ хабар доданд, боздошти Каримов бевосита ба парвандаи ҷиноии ахири ҳафтаи гузашта бозшуда нисбати Муаттар Ҷӯраева марбут аст.

 «Муфаттиш Каримов барои порагирӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА аз шаҳрванде бо номи Муллоев ба ивази оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Ҷӯраева барои қаллобӣ боздошт шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Муллоев миёни шахсоне ном бурда мешавад, ки аз дасти М.Ҷӯраева фиреб хӯрдаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз ҷониби кормандлони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ

ба гумони даст доштан дар қаллобӣ

боздошт шуд.

spot_imgspot_img

Популярное