Сафари раиси палатаи болоии парлумони ҶТ ба Русия



Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз ба шаҳри Маскав сафар кард.

Дар ин ҷо ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ дар кори форуми чоруми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ширкат меварзад.

Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи сафар ба Русия М.Убайдуллоев бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар ин кишвар, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Русия Валентина Матвиенко, раиси Думаи давлатӣ Сергей Наришкин, муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов, раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин ва губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев дидору гуфтушунид мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар форуми зикршуда атрофи масъалаҳои рушди робитаҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо дар самти таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва ҳамкории гуманитарӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное