Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шумори ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар ҳоли афзоиш аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 12 ҷинояти марбут ба терроризм ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ се ададро ташкил медод. Дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар Тоҷикистон шумори ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар ҳоли афзоиш аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 12 ҷинояти марбут ба терроризм ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ се ададро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, дар ин давра сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон боло рафта, 24 чунин ҷиноят ошкор карда шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 3 адад ба ин монанд ҷиноят ошкор гардида буд.

Бино ба иттилои ВАО, рӯзҳои истироҳат 13 нафар ба гумони омодагӣ ба таркишҳо дар иншооти стратегии кишвар, аз қабили нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон, ки маркази ҷумҳуриро бо минтақаи шимол мепайванданд, боздошт шудаанд.

Муайян карда шудааст, ки аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар урдӯгоҳҳои Сурия оид ба содир намудани амалҳои террористӣ таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд. Ҳамчунин онҳо ният доштаанд, ки аз як қисми ҳарбӣ ва шуъбаи милиса аслиҳа тасарруф намоянд.

Чанде қабл зимни гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандон дар идораи ҳафтавори «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бори нахуст аз шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иттилоъ дода, зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон дар ин даргириҳо Сурия

зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар

иштирок дошта, шумори тоҷикистониёни кушташуда 50 нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.