Ҷустуҷӯи беш аз 90 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони ифротгароӣ ва терроризм

Беш аз 90 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ифротгароиву терроризм мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, имрӯз кормандони мақомоти милисаи вилоят беш аз 90 нафар шахсони гумонбар дар иштироку узвият ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгароро, ки фаъолияташон дар қаламрави […]

Мавлуда Рафиева



Беш аз 90 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ифротгароиву терроризм мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, имрӯз кормандони мақомоти милисаи вилоят беш аз 90 нафар шахсони гумонбар дар иштироку узвият ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгароро, ки фаъолияташон дар қаламрави кишвар манъ аст, ҷустуҷӯ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, тайи 4 соли ахир дар вилояти Суғд зиёда аз 120 нафар афроди гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои террористиу ифротгаро боздошт шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл аз мақомоти прокуратураи вилояти Суғд хабар дода буданд, ки

як нафар зан, сокини вилояти Суғд

дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон иштирок дорад. Қаблан ҳамчунин дар бораи боздошти 10 нафар сокинони вилоят, ки нияти сафар ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳо ҷангиро доштанд, иттилоъ дода шуда буд. Як нафар аз ин боздоштшудагон сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ва боқимонда 9 нафари дигар сокинони ноҳия Спитамен мебошанд, ки сиинашон аз 20 то 30-соларо ташкил дода, ҳамаашон ӯзбеконанд.

Бино ба маълумоти прокуратураи видлоят, дар зарфи 9 моҳи соли равон нисбати 49 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони узвият дар сафи созмону ҳаракатҳои ифротгаро 29 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 парванда нисбати 22 нафар ба судҳо ирсол гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.