Сафари раиси палатаи болоии парлумони ҶТ ба Русия

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз ба шаҳри Маскав сафар кард. Дар ин ҷо ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ дар кори форуми чоруми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ширкат меварзад. Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар […]

Аваз Юлдошев



Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз ба шаҳри Маскав сафар кард.

Дар ин ҷо ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ дар кори форуми чоруми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ширкат меварзад.

Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи сафар ба Русия М.Убайдуллоев бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар ин кишвар, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Русия Валентина Матвиенко, раиси Думаи давлатӣ Сергей Наришкин, муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов, раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин ва губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев дидору гуфтушунид мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар форуми зикршуда атрофи масъалаҳои рушди робитаҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо дар самти таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва ҳамкории гуманитарӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.