Сипоси Аҳмадзай аз Тоҷикистон барои идомаи интиқоли барқ дар мавсими сармо



Зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имомов президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба раҳбарияти Тоҷикистон барои тасмимашон оид ба масъалаи дар фасли зимистон қатъ накардани интиқоли барқ ба Афғонистоон миннатдорӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Афғонистон, дар мулоқоти сарвари ин давлат бо сафири Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Шарофуддин Имомов ба сарвари давлати ҳамсоя итминон дод, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба Афғонистон дар бахшҳои гуногун кумак хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали моҳи октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд. Тибқи маълумоти мониторинги сомонаи 

www.barknest.tj

, имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ, ки низоми энергетикиаш ба «Барқи тоҷик» тобеъ нест) дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд, ки ба онҳо дар як шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ,

моҳи сентябри имсол

аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 175,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,3 млн. кВт/соат бештар ва аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ дар ин моҳ 12,9%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное