Сипоси Аҳмадзай аз Тоҷикистон барои идомаи интиқоли барқ дар мавсими сармо

Зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имомов президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба раҳбарияти Тоҷикистон барои тасмимашон оид ба масъалаи дар фасли зимистон қатъ накардани интиқоли барқ ба Афғонистоон миннатдорӣ изҳор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Афғонистон, дар мулоқоти сарвари ин давлат бо сафири Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имомов президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба раҳбарияти Тоҷикистон барои тасмимашон оид ба масъалаи дар фасли зимистон қатъ накардани интиқоли барқ ба Афғонистоон миннатдорӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Афғонистон, дар мулоқоти сарвари ин давлат бо сафири Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Шарофуддин Имомов ба сарвари давлати ҳамсоя итминон дод, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба Афғонистон дар бахшҳои гуногун кумак хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали моҳи октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд. Тибқи маълумоти мониторинги сомонаи 

www.barknest.tj

, имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ, ки низоми энергетикиаш ба «Барқи тоҷик» тобеъ нест) дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд, ки ба онҳо дар як шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ,

моҳи сентябри имсол

аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 175,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,3 млн. кВт/соат бештар ва аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ дар ин моҳ 12,9%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.