Дар мусоҳиба ба
Financial Times
муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон аллакай оқибатҳои бад шудани вазъ дар иқтисоди Русия эҳсос мешавад ва аз ин рӯ, ҷумҳурӣ фаъолона баҳри ҷалби сармоягузориҳои Чин талош меварзад.
Муовини аввали вазири молияи ҶТ қайд кардааст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳудуди 45% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳанд, коҳиш меёбанд. Ӯ таъкид доштааст, ки давоми се соли наздик Чин ба Тоҷикистон на камтар аз 6 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.
Ба гуфтаи Нуралиев, ин маблағҳо ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ, роҳҳои оҳан ва корхонаҳои истеҳсоли семент равона мегарданд. «Аз лиҳози иқтисодӣ Тоҷикистон метавонад вобастаи Чин шавад, вале кишварро зарур аст, ки оқибатҳои таназзули иқтисодӣ дар Русияро ҷуброн намояд, – иброз доштааст ӯ. – Мо як ҳаддеро муайян хоҳем кард, вале на имрӯз. Моро лозим аст, ки як хатареро ба дигараш баробар кунем».
Тибқи баъзе маълумот, аз аҳолии 8-миллионнафараи Тоҷикистон имрӯз беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия кору зиндагӣ доранд. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ бори нахуст дар панҷ соли охир ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфт.
«Аз вазъи имрӯзаи иқтисоди Русия мо хеле нигарон буда, умедворем, ки соли оянда он устувор шуда, ба эътидол меояд», – зикр кардааст Нуралиев.



