М.Убайдуллоев ифтитоҳи мактабҳои тоҷикӣ дар вилояти Маскавро пешниҳод кард

Дар доираи сафари расмӣ ба Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири эҳтироми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи муҷассамаи аскари номаълум дар девори Кремл гулчанбар гузошт. Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, сипас зимни мулоқоти М.Убайдуллоев бо раиси вилояти Маскав Андрей Воробев масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафари расмӣ ба Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири эҳтироми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи муҷассамаи аскари номаълум дар девори Кремл гулчанбар гузошт.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, сипас зимни мулоқоти М.Убайдуллоев бо раиси вилояти Маскав Андрей Воробев масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик ва таъсиси марказҳои хизматгузорӣ (логистикӣ) барои маҳсулоти воридшаванда аз Тоҷикистон ба ин вилоят баррасӣ шуданд.

Бино ба гуфти ӯ, дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кардааст, ки барои тоҷикони этникии дар вилояти Маскав иқоматдошта мактабҳо тоҷикӣ кушода шавад.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то аввали моҳи декабр оид ба омода кардани лоиҳаи созишномаҳои дахлдор миёни Тоҷикистон ва вилояти Маскав гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шавад», – афзуд Ш.Саидов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.