Бар асари таназзули иқтисоди Русия, Тоҷикистон ба Чин рӯ меорад

Дар мусоҳиба ба  Financial Times муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон аллакай оқибатҳои бад шудани вазъ дар иқтисоди Русия эҳсос мешавад ва аз ин рӯ, ҷумҳурӣ фаъолона баҳри ҷалби сармоягузориҳои Чин талош меварзад. Муовини аввали вазири молияи ҶТ қайд кардааст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия […]

ASIA-Plus



Дар мусоҳиба ба 


Financial Times


муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон аллакай оқибатҳои бад шудани вазъ дар иқтисоди Русия эҳсос мешавад ва аз ин рӯ, ҷумҳурӣ фаъолона баҳри ҷалби сармоягузориҳои Чин талош меварзад.

Муовини аввали вазири молияи ҶТ қайд кардааст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳудуди 45% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳанд, коҳиш меёбанд. Ӯ таъкид доштааст, ки давоми се соли наздик Чин ба Тоҷикистон на камтар аз 6 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.

Ба гуфтаи Нуралиев, ин маблағҳо ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ, роҳҳои оҳан ва корхонаҳои истеҳсоли семент равона мегарданд. «Аз лиҳози иқтисодӣ Тоҷикистон метавонад вобастаи Чин шавад, вале кишварро зарур аст, ки оқибатҳои таназзули иқтисодӣ дар Русияро ҷуброн намояд, – иброз доштааст ӯ. – Мо як ҳаддеро муайян хоҳем кард, вале на имрӯз. Моро лозим аст, ки як хатареро ба дигараш баробар кунем».

Тибқи баъзе маълумот, аз аҳолии 8-миллионнафараи Тоҷикистон имрӯз беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия кору зиндагӣ доранд. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ бори нахуст дар панҷ соли охир ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфт.

«Аз вазъи имрӯзаи иқтисоди Русия мо хеле нигарон буда, умедворем, ки соли оянда он устувор шуда, ба эътидол меояд», – зикр кардааст Нуралиев. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.