Дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон тамоили зиёдшавии бақияи пасандозҳо идома дорад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзуд.
Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ бақияи умумии ҳаҷми пасандозҳо ба охири моҳи августи соли равон 6 млрд. 167,9 млн. сомониро ташкил додааст.
«Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли равон аз 34,5 фоиз (2 млрд.167,4 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (4 млрд. 109,1 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад, ки гувоҳи рӯз то рӯз зиёд шудани ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо мебошад.», – омадааст дар маълумоти БМТ.
Гуфта мешавад, дар ин давра фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 12,04 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистонн 141 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд амал мекунанд.



