Талбаков: Барои иштирок дар интихобот коммунистон ба 400 ҳазор сомонӣ маблағ ниёз доранд

Сарфи назар аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ахири моҳи феврали соли оянда, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) минбаъд низ ба бекор намудани гаравпулии интихоботӣ, ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва қисман мабалғгузории ҳизбҳои сиёсии кишвар аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон исрор хоҳад варзид. Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи […]

Аваз Юлдошев



Сарфи назар аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ахири моҳи феврали соли оянда, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) минбаъд низ ба бекор намудани гаравпулии интихоботӣ, ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва қисман мабалғгузории ҳизбҳои сиёсии кишвар аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон исрор хоҳад варзид. Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков чунин ибрози назар намуд.

Бино ба гуфти ӯ, имрӯзҳо ҲКТ бо ҷалби олимону коршиносон ва сиёсатмадорон барномаи пешазинтихоботии худро таҳия мекунад, ки дар он ба масъалаҳои таъмини ҳаёти шоиста ба меҳнаткашон, ҳимояи пурзӯри иҷтимоии аҳолӣ ва дастрасии ройгони мардуми кишвар ба таълимот (маориф) ва тандурустӣ афзалият дода мешавад.

«Мо бори нахуст ният дорем, ки ба барномаи пешазинтихоботии худ фасли ҷудогонаеро шомил созем, ки дар он ба интихобкунандагон мавқеи коммунистони Тоҷикистон дар масъалаи навъҳои гуногуни моликиятро шарҳ медиҳем», – қайд кард Талбаков.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки масъалаи пешбарии шумори номзадҳо ба интихобот аз ҲКТ рӯзи 27-уми декабр дар анҷумани ғайринавбатии коммунистони Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.

« Пешбарии шумори номзадҳо ба интихобот аз ҳизби мо бештар ба маблағи пулӣ вобаста аст ва тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои ин ба мо ҳадди ақал ҳудуди 400 сомонӣ маблағ зарур аст», – гуфт котиби ҲКТ.

Зимнан зикр гардид, ки барои дастгирии номзадҳо аз ҲКТ ахири моҳи сентябр фонди интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки то имрӯз ба суратҳисоби он беш аз 5,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...