Идомаи тамоили афзоиши бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ

Дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон тамоили зиёдшавии бақияи пасандозҳо идома дорад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзуд. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ бақияи умумии ҳаҷми пасандозҳо ба охири моҳи августи соли равон 6 млрд. 167,9 млн. […]

ASIA-Plus



Дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон тамоили зиёдшавии бақияи пасандозҳо идома дорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзуд.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ бақияи умумии ҳаҷми пасандозҳо ба охири моҳи августи соли равон 6 млрд. 167,9 млн. сомониро ташкил додааст.

«Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли равон аз 34,5 фоиз (2 млрд.167,4 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (4 млрд. 109,1 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад, ки гувоҳи рӯз то рӯз зиёд шудани ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо мебошад.», – омадааст дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, дар ин давра фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 12,04 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистонн 141 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.