Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов дар кори ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (АБП ИДМ) оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ иштирок мекунад.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи қонунҳои қолабӣ (модулӣ) «Дар бораи тартиби иштироки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳамкории наздимарзӣ», «Дар бораи мақоми шахси интихобшавандаи худидоракунии маҳаллӣ», қонунҳо «Дар бораи усулҳои умумии ташкили худидоракунии маҳаллӣ» ва «Дар бораи усулҳои умумии ташкили молияи маҳаллӣ» дар таҳрири нав баррасӣ мешаванд.
Аъзои комиссия ҳамчунин атрофи лоиҳаи Консепсияи рушди устувор ва бехатари кишварҳои узви АБП ИДМ, лоиҳаи Асосҳои қонунгузории консепсияи рушди устувор ва бехатари кишварҳои узви АБП ИДМ ва лоиҳаи Кодекси хадамоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ барои
кишварҳои узви ИДМ
низ табодули назар мекунанд.



