Мизони таваррум дар 9 моҳ 5,7%-ро ташкил дод

Мизони таваррум моҳи октябр дар Тоҷикистон 0,2% ва дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 5,7%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо истинод ба Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи сентябри соли равон сатҳи таваррум муътадил ва устувор буд. Нишондиҳандаи мазкур дар ин моҳ 0,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи […]

ASIA-Plus



Мизони таваррум моҳи октябр дар Тоҷикистон 0,2% ва дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 5,7%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо истинод ба Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи сентябри соли равон сатҳи таваррум муътадил ва устувор буд.

Нишондиҳандаи мазкур дар ин моҳ 0,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз паст аст. Дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бошад, сатҳи таваррум, 5,7 фоизро ташкил дода, давоми 12 моҳ ин нишондиҳанда ба 6,6 фоиз баробар шудааст.

Гуфта мешавад, яке аз фишангҳои дигари сиёсати пулию қарзӣ – меъёри бозтамвил 3 октябри соли равон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ бинобар зиёд гардидани таъсири фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт дар сатҳи 6,9 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.