ВКД Тоҷикистон ба кумаки ҳамтоёни русиягӣ ниёз дорад

Дар шаҳри Москва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм, масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Москва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм, масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия бо шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ, масъалаи тайёр намудани кадрҳои тахассуси алоҳида дар Донишкадаҳои ВКД Федератсияи Россия, инчунин масъалаҳои душаҳрвандӣ, таъмини сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо сару либоси низомӣ ба таври ройгон ва тайёр намудани кадрҳоро дар соҳаи экспертизаи фоноскопӣ (овозшиносӣ) мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев аллакай якчанд супориш оиди масъалаҳои баррасишуда ба сохторҳои дахлдор дода шуд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстию якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни баррасии фаъолияти муштараки вазоратҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккилона, В.Колоколтсев изҳор доштааст, ки «комёбӣ дар мубориза бо ин таҳдид бештар ба ҳамоҳангсозии дақиқи кӯшишҳои сохторҳои интизомии ҳарду кишвар вобаста аст».

Дар мулоқот зикр гардидааст, ки самти афзалиятноки ҳамкории мутақобилаи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон табодули маълумот аст, ки ба боздошти ҷинояткорон ва муайян кардани макони будубоши афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат мекунад.

«Ғайр аз ин, бо дархости ВКД Тоҷикистон айни замон масъалаи кумаки зарурии моддӣ-техникӣ ба ҳамтоёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор дорад», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.