Манъи вуруди 42 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия тайи ҳафтаи ахир

Танҳо тайи ҳафтаи ахир ба 42 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия сафар карда буданд, вуруд ба ин кишвар манъ гардида, онҳо маҷбур шуданд, ки ба ватан баргарданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, ин […]

Аваз Юлдошев



Танҳо тайи ҳафтаи ахир ба 42 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия сафар карда буданд, вуруд ба ин кишвар манъ гардида, онҳо маҷбур шуданд, ки ба ватан баргарданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба вурудашон ба Русия иҷозат дода нашуд, қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар аз Русия хориҷ карда буданд.

«Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан, ҳамеша афроде ҳастанд, ки боз ба Русия рафтанӣ мешаванд, ҳарчанд барои қонуншиканӣ роҳ ба сӯйи Русия барои онҳо муддати се-панҷ сол баста аст», – гуфт манбаъ.

Намояндаи хадамоти муҳоҷират ҳамчунин қайд кард, ки аз нимаи дуюми моҳи октябр бозгашти мавсимии аксари муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан оғоз мегардад.

«Масалан, ҳафтаи гузашта 8 ҳазору 618 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Русия раҳсипор шуданд, ки 1 ҳазору 598 нафарашонро занон ташкил доданд ва дар ин муддат 14 ҳазору 764 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Русия ба фурудгоҳи Душанбе баргаштанд, ки 2 ҳазору 854 нафарашон занон мебошанд», – таъкид дошт ҳамсуҳбати «Азия-Плюс».

Зимнан хотиррасон шуд, ки айни замон барои риоя накардани тартиботи будубош дар Русия, ба беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба ин кишвар манъ шудааст. Феълан Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи афви баъзе гурӯҳҳои муҳоҷирони кории вурудашон ба Русия манъшуда машваратҳо мегузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.