Сарфи назар аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ахири моҳи феврали соли оянда, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) минбаъд низ ба бекор намудани гаравпулии интихоботӣ, ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва қисман мабалғгузории ҳизбҳои сиёсии кишвар аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон исрор хоҳад варзид. Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков чунин ибрози назар намуд.
Бино ба гуфти ӯ, имрӯзҳо ҲКТ бо ҷалби олимону коршиносон ва сиёсатмадорон барномаи пешазинтихоботии худро таҳия мекунад, ки дар он ба масъалаҳои таъмини ҳаёти шоиста ба меҳнаткашон, ҳимояи пурзӯри иҷтимоии аҳолӣ ва дастрасии ройгони мардуми кишвар ба таълимот (маориф) ва тандурустӣ афзалият дода мешавад.
«Мо бори нахуст ният дорем, ки ба барномаи пешазинтихоботии худ фасли ҷудогонаеро шомил созем, ки дар он ба интихобкунандагон мавқеи коммунистони Тоҷикистон дар масъалаи навъҳои гуногуни моликиятро шарҳ медиҳем», – қайд кард Талбаков.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки масъалаи пешбарии шумори номзадҳо ба интихобот аз ҲКТ рӯзи 27-уми декабр дар анҷумани ғайринавбатии коммунистони Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.
« Пешбарии шумори номзадҳо ба интихобот аз ҳизби мо бештар ба маблағи пулӣ вобаста аст ва тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои ин ба мо ҳадди ақал ҳудуди 400 сомонӣ маблағ зарур аст», – гуфт котиби ҲКТ.
Зимнан зикр гардид, ки барои дастгирии номзадҳо аз ҲКТ ахири моҳи сентябр фонди интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки то имрӯз ба суратҳисоби он беш аз 5,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.



