Пас аз муддати ду рӯз баста шудани торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» –
www.news.tj
дастрасӣ ба сомона барои корбарони тоҷик барқарор шуд.
Қариб тамоми ширкатҳои фароҳамсози шабакаи интернет, ки дастрасӣ ба торнаморо
рӯзи 21-уми октябр қатъ карда буданд
, дубора онро барқарор намуданд.
Тайи моҳи ахир ин кӯшиши дуюми маҳдуд сохтани дастрасии аҳолӣ ба сомонаи мустақили интернетӣ аст. Қаблан дастрасӣ ба сомона
10-уми октябр
қатъ гардида, вале рӯзи дигар дубора барқарор шуд. Сабабҳои қатъи дастрасӣ ба сомона то ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонанд.
Раҳбарияти гурӯҳи расонахои «Азия-Плюс» ба ҳама корбарони торнамо, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳо, моро дастгирӣ намуда, хонандаи сомона боқӣ монданд, миннатдорӣ изҳор мекунад.



