Айбдории 6 корманди шаҳрдории пойтахт дар доираи парвандаи Зайд Саидов

Дар Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сохибкори маъруф, собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов, ки дар суистеъмол аз ваколат зимни хусусигардонии иншооти давлатӣ муттаҳам дониста мешавад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, Саидов ҳамчунин дар азхудкунии ғайриқонунии саҳмияҳои як […]

ASIA-Plus



Дар Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сохибкори маъруф, собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов, ки дар суистеъмол аз ваколат зимни хусусигардонии иншооти давлатӣ муттаҳам дониста мешавад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, Саидов ҳамчунин дар азхудкунии ғайриқонунии саҳмияҳои як қатор иншооти ватанӣ айбдор карда мешавад, ки аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи умумии ҳудуди 2 млн. сомонӣ харида шуда буданд.

«Саҳмияҳои зикршударо Саидов қариб ройгон ба даст оварда, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои худ онҳоро барои ниҳон доштани манфиатдории шахсӣ, дар асоси ҳуҷҷатҳои сохтакорона омодакардашуда, ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ки дар шиносномаи охирин санаи таваллудаш «25 апрели соли 1978», яъне 4 сол калон қайд карда шуда буд, ғайриқонунӣ расмӣ гардонид», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Дар хабари маркази матбуоти Агентии зиддифасод ҳамчунин зикр мегардад, ки ба сифати роҳбари ширкати сохтмонӣ Зайд Саидов зимни бунёди биноҳои «Душанбе-Плаза» ва мактаби таҳсилоти умумии №8-и пойтахт ҳудуди 34 млн. сомониро азхуд карда, аз супоридани андозҳо ба буҷет бо назардошти ҷаримаҳо аз сохтмони ин иншоот ба маблағи умумии ҳудуди 16 млн. сомонӣ саркашӣ намудааст ва барои рӯйпӯш сохтани маблағҳои шахсан азхудкардааш, оид ба иҷрои корҳо дар ҳаҷми 24 млн. сомонӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб додааст.

Гуфта мешавад, дар доираи ин парванда ба 14 нафар ҳамшарикони эҳтимолии Зайд Саидов, аз ҷумла, 4 нафар масъулини ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, 6 нафар мутасаддиёни Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва 4 нафар масъулини ширкатҳои тиҷоратӣ низ айбнома пешниҳод шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.