Оё таҳримҳо нисбати Русия ба Тоҷикистон таъсир расониданд?

Зимни суханронии имрӯза дар музокироти парлумонӣ оид ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов изҳор намуд, ки таҳримҳои аз ҷониби кишварҳои Ғарб ҷоришуда нисбати Русия, ҷанг дар Украина ва низоъҳо дар Шарқи Наздик алҳол ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир нарасонидаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 9 моҳи […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронии имрӯза дар музокироти парлумонӣ оид ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов изҳор намуд, ки таҳримҳои аз ҷониби кишварҳои Ғарб ҷоришуда нисбати Русия, ҷанг дар Украина ва низоъҳо дар Шарқи Наздик алҳол ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир нарасонидаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 31,6 млрд. сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиш дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 6,9% баробар буда, қисмати даромади буҷет дар давраи зикршуда 102,5% ба иҷро расидааст.

Вазир таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми ММД қариб 4 млрд. сомонӣ зиёд шуда, музди меҳнати миёна дар кишвар моҳи сентябр 815 сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли гузашта қариб 11% бештар мебошад.

«Барои амалисозии лоиҳаҳои марбут ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти ғизойӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ зиёда аз 2,5 млрд. сомонӣ маблағ равона гардид, ки нисбат ба соли пешин 300 млн. сомонӣ зиёдтар аст», – гуфт Қурбонов.

Муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ назди вакилон қайд кард, ки Вазорати молияи ҶТ як гурӯҳи кориеро таъсис додааст, ки ба омӯзиши оқибатҳои манфии таҳримҳои Ғарб нисбати Русия ва ҷанг дар Украина ба иқтисоди Тоҷикистон машғул аст.

«Дар зарфи 9 моҳи соли равон оқибатҳои манфии ҷиддӣ ошкор нашуда, танҳо ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан каме коҳиш ёфт», – иброз дошт Нуралиев.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Нуриддин Маҳмадов зимни сухарониаш қайд кард, ки эҳтимоли таъсири манфии таҳримҳои Ғарб нисбати Русия ба иқтисоди Тоҷикистон хеле зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов дар посух ба саволи вакил Низом Қосим оид ба сабабҳои коҳиши босуръати қурби асъори миллии тоҷикӣ – сомонӣ, зикр кард, ки қурби сомонӣ дар муқоиса бо аввали сол 4,8% коҳиш ёфтааст.

«Яке аз сабабҳои асосии поинравии қурби асъори миллии Тоҷикистон мустақиман таҳримҳои ҷоришудаи кишварҳои Ғарб нисбати Русия, яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурии мо мебошад», – гуфт Ширинов.

А.Ширинов ҳамчунин изҳор намуд, ки барои дар ҳолати устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ Бонки миллии ҷумҳурӣ аз тамоми захираҳои мавҷуда истифода мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар мусоҳиба ба  

Financial Times

 муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошта буд, ки оқибатҳои бад шудани вазъ дар иқтисоди Русия дар Тоҷикистон

аллакай эҳсос мешавад

ва аз ин рӯ, ҷумҳурӣ фаъолона баҳри ҷалби сармоягузориҳои Чин талош меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Душанбе – Машҳад – Душанбе пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.