Рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон барфи аввал дар назар аст

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 28-уми октябр дар Тоҷикистон боридани барфи аввал дар назар аст. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 27-28-уми октябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, борони шадид меборад ва минбаъд ба барф мубаддал мегардад. Ҳамчнуин дар ин рӯзҳо пурзӯр шудани шамол аз самти шимолу ғарб то 15-20 метр дар як сония ва […]

Валентина Кондрашова



Рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 28-уми октябр дар Тоҷикистон боридани барфи аввал дар назар аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 27-28-уми октябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, борони шадид меборад ва минбаъд ба барф мубаддал мегардад. Ҳамчнуин дар ин рӯзҳо пурзӯр шудани шамол аз самти шимолу ғарб то 15-20 метр дар як сония ва дар вилояти Суғд то 25 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар минтақаи ҷануби кишвар баъзан чангу ғубор мефарояд.

Обуҳаво рӯзона дар водиҳо то 10-15 дараҷа ва дар минтақаи шимоли кищвар то 16-15 дараҷа поин меравад.

Рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Душанбе аввал борон борида, сипас ба барф мубаддал мегардад. Рӯзи душанбе ҳарорати ҳаво дар пойтахт 12-14 дараҷа гарм шуда, шаби сешанбе ҳарорати ҳаво то 5-7 дараҷа гарм ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, аллакай рӯзи 29-уми октябр обуҳаво дар ҷумҳурӣ мусоид гардида, боришоти назаррас дар назар нест ва ҳарорати ҳаво рӯ ба гармӣ меорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.