Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Маскав раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев созишномаи ҳамкорӣ миёни палатҳои болоии ҳарду кишварро ба имзо расониданд.
Бино ба маълумоти
хадамоти матбуоти
Шӯрои Федератсияи Русия, дар ин санад самтҳои асосии фаъолияти марбут ба мутобиқ кардани қонунгузорӣ дар ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия дарҷ ёфта, зимни мулоқот ҷонибҳо зикр карданд, ки робитаҳои дуҷониба дар сатҳи давлатӣ, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ дар ҳоли густариш қарор дошта, ин ҳамкорӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо нақши муҳим дорад.
«Вазифаҳои асосии парулмонҳои ҳарду кишвар мусоидат ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ аст», – қайд кардааст Валентина Матвиенко.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ба рушди лоиҳаҳои мушттараки тиҷоратӣ, таъмини афзоиши сармоугзориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ва масоили муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
«Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50% афзуда, зиёда аз 1 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод», – таъкид доштааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.
М.Убайдуллоев кӯшишҳои Русия оид ба ҳалли мусолиматомези низоъҳои байнулмилалиро мусбат арзёбӣ намуда, зикр кардааст, ки тамоми кишварҳоро зарур аст, ки бисёрқутба будани сохтори феълии ҷаҳонро эътироф намоянд.
Ҷонибҳо ҳамчунин муҳимият ва дурнамои хуб доштани рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни кишварҳоро тасдиқ намуда, қайд кардаанд, ки дар доираи Форуми IV-уми байнипарлумонӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.



