Болоравии қурби доллару евро ва коҳиши қурби рубл

Қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон каме боло рафта, ба санаи 23-юми октябр ба ҳисоби миёна 5,1776-5,1995 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 5,1730-5,1930 баробар […]

ASIA-Plus



Қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон каме боло рафта, ба санаи 23-юми октябр ба ҳисоби миёна 5,1776-5,1995 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 5,1730-5,1930 баробар буд. Санаи 23-юми октябр қурби 1 доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе – 5,1800-5,2020, Хуҷанд – 5,2000-5,2100 ва Қӯрғонтеппа – 5,1800-5,2000 сомониро ташкил дод.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст фаромада, ба 0,1250-0,1260 сомонӣ барои як рубли русӣ баробар шудааст. Ҳафтаи гузашта қурби миёнаи рубли русӣ нисбати сомонӣ 0,1260-0,1275 барои 1 рубли русиро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар ин давра қурби евро каме боло рафта, ба 6,5240-6,5620 сомонӣ барои 1 евро баробар шудааст. Ҳафтаи гузашта қурби евро нисбат ба сомонӣ 6,4695-6,5320 сомонӣ барои 1 евроро ташкил медод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.