Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои болоии парлумони Тоҷикистону Русия

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Маскав раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев созишномаи ҳамкорӣ миёни палатҳои болоии ҳарду кишварро ба имзо расониданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи Русия, дар ин санад самтҳои асосии фаъолияти марбут ба мутобиқ кардани қонунгузорӣ дар ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия […]

ASIA-Plus



Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Маскав раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев созишномаи ҳамкорӣ миёни палатҳои болоии ҳарду кишварро ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти

хадамоти матбуоти

Шӯрои Федератсияи Русия, дар ин санад самтҳои асосии фаъолияти марбут ба мутобиқ кардани қонунгузорӣ дар ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия дарҷ ёфта, зимни мулоқот ҷонибҳо зикр карданд, ки робитаҳои дуҷониба дар сатҳи давлатӣ, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ дар ҳоли густариш қарор дошта, ин ҳамкорӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо нақши муҳим дорад.

«Вазифаҳои асосии парулмонҳои ҳарду кишвар мусоидат ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ аст», – қайд кардааст Валентина Матвиенко.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ба рушди лоиҳаҳои мушттараки тиҷоратӣ, таъмини афзоиши сармоугзориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ва масоили муҳоҷирати корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

«Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50% афзуда, зиёда аз 1 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод», – таъкид доштааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

М.Убайдуллоев кӯшишҳои Русия оид ба ҳалли мусолиматомези низоъҳои байнулмилалиро мусбат арзёбӣ намуда, зикр кардааст, ки тамоми кишварҳоро зарур аст, ки бисёрқутба будани сохтори феълии ҷаҳонро эътироф намоянд.

Ҷонибҳо ҳамчунин муҳимият ва дурнамои хуб доштани рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни кишварҳоро тасдиқ намуда, қайд кардаанд, ки дар доираи Форуми IV-уми байнипарлумонӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.