М. Убайдуллоев: Тоҷикон сиёсати таҳримҳо алайҳи Русияро маҳкум мекунанд

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки мардуми Тоҷикистон комилан аз мавқеъи Русия ҷонибдорӣ карда, сиёсати роҳандозии таҳримҳо алайҳи онро маҳкум мекунад. «Ҳеҷ кишваре ба амри қабули шартҳояш ба ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад ва ҳар касе ба интихоби худ ҳуқуқ дорад», – иброз доштааст Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав рӯзи 23-юми октябр зимни […]

ASIA-Plus



Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор намуд, ки мардуми Тоҷикистон комилан аз мавқеъи Русия ҷонибдорӣ карда, сиёсати роҳандозии таҳримҳо алайҳи онро маҳкум мекунад.

«Ҳеҷ кишваре ба амри қабули шартҳояш ба ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад ва ҳар касе ба интихоби худ ҳуқуқ дорад», – иброз доштааст Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав рӯзи 23-юми октябр зимни мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти

хадамоти матбуоти

Думаи давлатӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ тасмим гирифта шудааст, ки ҳадафи он мунтазам таъмин намудани бозорҳои Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар навъи маҳсулот аст.

Дар навбати худ, Сергей Наришкин аз сафари охиринаш ба Тоҷикистон ва «суҳбати пурсамару кушод» бо Убайдуллоев бо самимият ёдовар шуда, изҳор кардааст, ки тайи муддати сипаришуда муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия тамоили иловагӣ касб намуда, бештар мусбат шуданд.

Раиси Думаи давлатии Русия таъкид доштааст, ки «миёни Тоҷикистону Русия ҳмаи масъалаҳо ҳаллу фасл шуда, тамоми уҳдадориҳои мутақобила тибқи бастаи созишномаҳои баимзорасида дар соли 2012 иҷро шудаанд».

Ба гуфтаи Наришкин, ин ҷо қабл аз ҳама дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва маҷмӯи масолили марбут ба муҳоҷирати корӣ сухан меравад. «Мо ба ҳамкории тадриҷӣ ва пайдарҳам дар бахшҳои иқтисоду сиёсат ва соҳаи ҳарбӣ манфиатдорем», – афзудааст С.Наришкин.

Маҳмадсаид Убайдуллоев муносибатҳои феълии дуҷонибаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки созишномаҳои баимзорасида пурра амалӣ хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.