ҲХДТ ба 63 курсии вакилӣ дар парлумон 68 номзад пешбарӣ карданист

– Дар интихоботи ахири моҳи феврали соли оянда ба палатаи поёнии парлумони кишвар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 68 нафар номзадҳо аз ҳисоби аъзои ҳизб ва ғайриҳизбиёнро пешбарӣ карданист, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.  Ба гуфтаи ӯ, тибқи дастурҳои пешвои ҲХДТ, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев



– Дар интихоботи ахири моҳи феврали соли оянда ба палатаи поёнии парлумони кишвар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 68 нафар номзадҳо аз ҳисоби аъзои ҳизб ва ғайриҳизбиёнро пешбарӣ карданист, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ. 

Ба гуфтаи ӯ, тибқи дастурҳои пешвои ҲХДТ, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба ҷавонон ва занон афзалият дода мешавад.

«ҲХДТ ба рӯйхати ҳизбии худ ҳамчунин ғайриҳизбиёнро, ки сиёсати мавриди амал қароргирифтаи президенти Тоҷикистон, пешвои ҳизби моро фаъолона дастгирӣ мекунанд, низ шомил карда метавонад», – қайд кард ӯ.

Номбурда хотиррасон намуд, ки анҷумани ғайринавбатии ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабр дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир мегардад, ки дар кори он беш аз 1 ҳазор 200 нафар вакилон аз саросари кишвар иштирок мекунанд. Дар ин анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲХДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ муайян карда мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва 22 нафар вакил тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

То имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.