Арзи сипоси президент ба Арабистони Саудӣ аз номи ҳоҷиёни тоҷик



Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон тасмими Подшоҳи Арабистони Саудиро доир ба тавсиаи навини Ҳарамайни Шарифайн (шаҳрҳои Маккаю Мадина) “ташаббуси судманд барои кулли уммати исломӣ” номид ва ҳамчунин аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамасола барои ҳаҷ ва умра ба ин маконҳои муқаддас мераванд, барои фароҳам овардани шароити шоиста арзи сипос намуд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз ташаббусҳои навини Мамлакати Арабистони Саъудӣ барои таҳким ва тавсиаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷомеаи давлатҳои арабӣ дастгирӣ намуд.

Ифтитоҳи Гӯшаи Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “иқдоми дигари созанда” номида шуда, изҳори бовар карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки соли равон дар пойтахти Мамлакати Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, натиҷаҳои таконбахш хоҳад дод.

spot_imgspot_img

Популярное