Омодагии БИР ба маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани минтақавӣ

Зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳоло бо харҷи 145 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки исломии рушд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маориф татбиқ мешаванд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоидат ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, хусусан Афғонистони ҳамсоя баҳои баланд дода, бори дигар омодагии Бонки исломии рушдро барои иштирок дар маблағгузории чунин лоиҳаҳои минтақавӣ чун хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ғайри инҳо таъйид намуд.

Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.