Арзи сипоси президент ба Арабистони Саудӣ аз номи ҳоҷиёни тоҷик

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон тасмими Подшоҳи Арабистони Саудиро доир ба тавсиаи навини Ҳарамайни Шарифайн (шаҳрҳои Маккаю Мадина) “ташаббуси судманд […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон тасмими Подшоҳи Арабистони Саудиро доир ба тавсиаи навини Ҳарамайни Шарифайн (шаҳрҳои Маккаю Мадина) “ташаббуси судманд барои кулли уммати исломӣ” номид ва ҳамчунин аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамасола барои ҳаҷ ва умра ба ин маконҳои муқаддас мераванд, барои фароҳам овардани шароити шоиста арзи сипос намуд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз ташаббусҳои навини Мамлакати Арабистони Саъудӣ барои таҳким ва тавсиаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷомеаи давлатҳои арабӣ дастгирӣ намуд.

Ифтитоҳи Гӯшаи Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “иқдоми дигари созанда” номида шуда, изҳори бовар карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки соли равон дар пойтахти Мамлакати Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, натиҷаҳои таконбахш хоҳад дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.