Дарсҳои ИА барои ташкилотҳои ҳунармандии соҳибкорӣ-миёнарав

Баъд аз анҷоми омӯзишҳо дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мегардад, аз 27-ум то 30 – уми октябр дар шаҳри Душанбе сессия дуюми омӯзишҳо барои омӯзгорон баргузор мегардад. Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, дарсҳои омӯзишӣ […]

ASIA-Plus



Баъд аз анҷоми омӯзишҳо дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мегардад, аз 27-ум то 30 – уми октябр дар шаҳри Душанбе сессия дуюми омӯзишҳо барои омӯзгорон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби PromoFirenze, Палатаи савдо ва саноати Флоренсия (Итолиё) ташкил шуда, понздаҳ намояндагони Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ба омӯзиш ҷалб карда шудаанд. PromoFirenze ба соҳибкорони хурду миёна, ки бо содирот вобаста ҳастанд, кӯмаки худро мерасонад. Барномаи омӯзиш дарсҳои назариявиро оид ба тартиб додани нақшаи солона барои Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав, муносибатҳои соҳибкории хурду миёна ва бозоршиносиро дар бар мегирад. Дар анҷоми омӯзиш аз ҷониби иштирокчиён дар таҳти назорати мутахассиси PromoFirenze дар манзили ҳунармандӣ тадқиқоту назарияҳо гузаронида хоҳад шуд.

Ҳамкорӣ бо PromoFirenze – яке аз иҷрокунандагони лоиҳаи дар боло зикр шуда, баъди тамомшавии омӯзиш низ ба итмом намерасад. Палатаи савдо ва саноати Флоренсия дар давоми лоиҳа ба Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав барои ташкил намудани хизматрасониҳои нав ба аъзоёнашон мусоидат менамояд. Соли 2015 PromoFirenze ба Осиёи Миёна баргашта, ташкили маводҳои машваратиро, ки ба хизматрасонии хурду миёна равона шудаанд, анҷом медиҳад.

Ин омӯзиш силсилае аз омӯзишҳои барои тақвияти вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандӣ мебошад. Иштирокчиён усулҳои беҳтаркунии идоракунӣ, мустаҳкам намудани устуворнокии ташкилоти худро дар давраҳои гуногун имконияти омӯхтан доранд.

«Вазифаи асосии лоиҳа ба пешравӣ ва устуворнокии Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав дар кору фаъолияташон расидан мебошад – Марко Алфиери, Роҳбари барномаи Cesvi фикри худро баён менамояд, – вазифаи асосии мо фароҳам овардани дониш ва баланд бардоштани малакаҳои Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав мебошад, ки баъди иҷрои амал таҳкурсии мақсади асосии мо мустаҳкам хоҳад шуд.

Лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол татбиқ гардида, он дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ мегардад ва ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва бо буҷаи 590 000 евро маблағгузорӣ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.