Хуҷанд: Боздошти як зани 60-сола барои фурӯши тангаҳои замони Империяи Русия



Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як зани 60-сола Анораҷон Маҳмудоваро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 адад тангаҳои панҷрублаи замони Русияи подшоҳӣ бо акс ва навиштаҷот дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Мувофиқи хулосаи нозироти давлатии Иёргирӣ дар вилояти Суғд, тангаҳои мазкур метали қимматбаҳои тило буда, вазни умумии онҳо 17 граммро ташкил медиҳанд», – омадааст дар маълумоти ВКД ҶТ.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное