Пешниҳоди вакил аз ҲНИТ бобати ба худмаблағгузорӣ гузаштани Вазорати тандурустӣ

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад, ки барои пешгирии хароҷоти зиёдатии буҷети давлатӣ, Вазорати тандурустии кишварро ба худмаблағгузорӣ гузаронад. «Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар кумаки ройгони тиббиро кафолат медиҳад, вале ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар аллакай кайҳост, ки тибби ройгон вуҷуд надорад, […]

Аваз Юлдошев



Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад, ки барои пешгирии хароҷоти зиёдатии буҷети давлатӣ, Вазорати тандурустии кишварро ба худмаблағгузорӣ гузаронад.

«Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар кумаки ройгони тиббиро кафолат медиҳад, вале ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар аллакай кайҳост, ки тибби ройгон вуҷуд надорад, ҳатто барои вуруд ба ҳама гуна муассисаи тиббӣ маблағе пардохт кардан зарур аст», – гуфт Ҳусайнӣ дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, пас аз бахши маориф ҳукуматдорон ҳамасола ба соҳаи тандурустӣ воситаҳои зиёди буҷетиро ҷудо мекунанд ва ба ҳеҷ касе маълум нест, ки маблағҳои аз ҷониби беморон пардохтшуда ба бемористонҳо, табибон, ҳайати тиббии муассиса, барои кат дар беморхона, хизматгузории санитарҳо, барои ташхис ва муолиҷа куҷо мераванд. «Ман бовар дорам, ки ин соҳа ба таъмини фаъолияти худаш имкон дорад», – мутмаин аст муовини раиси ҲНИТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.