Мулоқоти дипломати тоҷик бо вазири маскани Миср



Санаи 27 октябри 2014 дар Қоҳира вазири маскан, хадамоти умумӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла паҳлӯҳои фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира баррасӣ гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное