Писари Зайд Саидов мавриди афв қарор мегирад



Хайрулло Саидов, писари калонии соҳибкори зиндонишудаи тоҷик Зайд Саидов, ки нисбаташ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ мутобиқи моддаи 340, қ. 2-и КҶ ҶТ (Сохтакории ҳуҷҷатҳо) айбнома пешниҳод шуд, мавриди афв қарор мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ хабар дод.

«Дар моддае, ки писари соҳибкорро айбдор мекунанд, то панҷ сол маҳрум шудан аз озодӣ пешбинӣ мешавад ва тибқи қонуни афви пешниҳодшуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон санаи 20-уми октябр ба муносибати 20-уми солгарди Конутитусияи Тоҷикистон, афроди дастдошта дар содир намудани ин ҷиноят афв карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Агентии зиддифасод,

нисбати Хайрулло Саидов

оид ба гирифтани шиноснома дар соли 1995, ки 14-сола буд ва синнусолаш зиёд – 18-сола зикр гардида буд, айбнома пешниҳод гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки ин афви 14-умин тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар аст. Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд.

Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Лоиҳаи қонун

 «Дар бораи афв»

 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон даъвати чорум

пагоҳ, 29-уми октябр

баррасӣ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное