Суғд: Ҳалокати 4 нафар, аз ҷумла 2 ноболиғ дар садамаҳои нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи шиомли ҷумҳурӣ, 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғонанд. Тавре аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни ҳаракат дар қаламрави шаҳраки Яхтан ронандаи 33-солаи автомашинаи «Мерседес» Нуралӣ Шодимуродов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад, ки дар натиҷа […]

Мавлуда Рафиева



Бар асари садамаи нақлиёти рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи шиомли ҷумҳурӣ, 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 2 нафарашон ноболиғонанд.

Тавре аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни ҳаракат дар қаламрави шаҳраки Яхтан ронандаи 33-солаи автомашинаи «Мерседес» Нуралӣ Шодимуродов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина чаппа мешавад, ки дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ ва писари 8-солаи ӯ Шодимуродов Рустам дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти дуюм дар роҳи Сомғор-Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста, ронандаи 52-солаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» Миршоев Раҷаб бехатарии ҳаракати воситаи нақлиётро таъмин карда натавониста, бо автомашина роҳгузари 69-сола Муҳсинов Музаффарро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Худи ҳамон рӯз ронандаи 27-солаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Азизов Мазрафҷон дар деҳаи Оббурдон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2101» таҳти идораи Асрор Ҳусейнови 33-сола бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирони он – Далер Ҳусейнови 10-сола, Абдиев Дилшоди 13-сола, Ҳусейнова Бибиназари 4-сола ва Абдиева Азизмоҳи 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон мунтақил мешаванд. Баъди чанде Д.Абдиеви 13-сола дар бемористон ба ҳалокат мерасад. Ронандаи «БМВ» М.Азизов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон оварда шуда, Фирӯза Сулаймоноваи 34-сола аз ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҳалок шудааст.

Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 257 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 240 ҳодиса) рух дода, бар асари он 87 нафар ҳалок (соли 2013 – 111 нафар) ва 274 нафар (соли 2013 – 245 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.

Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 62 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 65 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 19 нафар ҳалок (соли 2013 – 19 нафар) ва 51 нафар кӯдакон (соли 2013 – 50 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.