Теҳрон сафири наваш дар Душанберо таъин кард

Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири наваш дар Тоҷикистонро таъин кард. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе, сафир нави Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷатулло Фағонӣ таъин карда шудааст, ки қаблан ба ҳайси сафири Теҳрон дар Кобул фаъолият мекард. Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон нимаи аввали моҳи ноябр ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад. Қобили зикр аст, ки […]

Аваз Юлдошев



Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири наваш дар Тоҷикистонро таъин кард.


Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе, сафир нави Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷатулло Фағонӣ таъин карда шудааст, ки қаблан ба ҳайси сафири Теҳрон дар Кобул фаъолият мекард.

Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон нимаи аввали моҳи ноябр ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми ваколати сафири қаблии Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст дар моҳи октябри соли гузашта, то ҳол касе ба ин вазифа таъин нагардида буд.

Муддати беш аз як сол Саидмаҳмуди Садрӣ ба ҳайси ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон фаъолият намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.