Кинотеатри «Тоҷикистон» дар Маскав то ахири сол кӯчонида мешавад

Кинотеатри «Тоҷикистон» дар ноҳияи Строгинои шаҳри Маскав то ахири соли ҷорӣ кӯчонида шуда, дар ҷойи он маркази нави фарҳангу фароғатӣ қомат меафрозад. Бино ба маълумоти торнамои расмии Думаи шаҳри Маскав, санаи 27-уми октябр дар ҷаласаи муштараки комиссия оид ба фарҳанг ва коммуникатсияҳои оммавӣ ва оид ба умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вакилон вазъ атрофи кӯчонида шудани кинотеатри […]

ASIA-Plus



Кинотеатри «Тоҷикистон» дар ноҳияи Строгинои шаҳри Маскав то ахири соли ҷорӣ кӯчонида шуда, дар ҷойи он маркази нави фарҳангу фароғатӣ қомат меафрозад.

Бино ба маълумоти торнамои расмии Думаи шаҳри Маскав, санаи 27-уми октябр дар ҷаласаи муштараки комиссия оид ба фарҳанг ва коммуникатсияҳои оммавӣ ва оид ба умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вакилон вазъ атрофи кӯчонида шудани кинотеатри «Тоҷикистон» дар ноҳияи Строгиноро баррасӣ намудаанд.

Дар ҷойи кинотеатр сохтмони маркази муосири фарҳангу фароғатӣ дар назар аст. Вакилон маълумот дар бораи ҳаҷм ва марҳилаҳои маблағгузорӣ ба ин сохтмонро шунидаанд. Кӯчонидани кинотеатр то ахири сол ва муҳлати сохтмони маркази нав дар ҷойи он давоми солҳои 2016-2017 пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар департаменти сохтмони шаҳри Маскав дар робита ба ин масъала изҳор намудаанд, ки ҳам дар вақти кӯчонидани кинотеатр ва ҳам дар ҷараёни сохтмони маркази нав низ метавонад мушкилот рӯйи кор ояд. Онҳо бар ин назаранд, ки воситаҳои ҷудошуда шояд кофӣ набошад ва аз ин рӯ, барои ба муҳлати дароз идома наёфтани сохтмони он, пешниҳод кардаанд, ки бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони префектураи ҳавза машварати муштарак гузаронида шавад.

Раиси комиссия оид ба фарҳанг ва коммуникатсияҳои оммавӣ Евгенйи Герасимов (фраксияи «Русия воҳид» (Единая Россия) ин ташаббусро дастгирӣ намуда, зикр кардааст, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи оянда дар Думаи давлатии шаҳр баррасӣ мешавад. Ӯ таъкид доштааст, ки сокинони ноҳияи Строгино дарвоқеъ ҳам ба фаъолияти маркази муосири фарҳангу фароғат бо чунин миқёс дар қаламрави ноҳияашон ниёз доранд.

Қобили зикр аст, ки кинотеатри «Тоҷикистон» дар шаҳри Маскав соли 1982 мавриди истифода қарор гирифта, охири солҳои 1990-ум майдонҳои он барои мағозаву қаҳвахонаҳо ба иҷора дода мешуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.