Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта қариб 80% иҷро шуд

Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон ба аввали ҳафтаи равон ҳудуди 320 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 78%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, сарфи назар аз поинравии ҳарорати ҳаво ва боришоти зиёд тайи рӯзҳои ахир, маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар саросари кишвар идома дорад. […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон ба аввали ҳафтаи равон ҳудуди 320 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 78%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, сарфи назар аз поинравии ҳарорати ҳаво ва боришоти зиёд тайи рӯзҳои ахир, маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар саросари кишвар идома дорад. «Айни замон дар майдонҳои кишвар беш аз 51 ҳазор нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 178 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ даҳаи сеюми моҳи август шурӯъ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.