Вохӯрии раиси КМИР Тоҷикистон бо намояндагони САҲА

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён намояндагони Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) Ричард Лаппен ва Андрей Громовро, ки бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омаданд, ба ҳузур пазируфт. Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи […]

Аваз Юлдошев



Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён намояндагони Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) Ричард Лаппен ва Андрей Громовро, ки бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омаданд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки ахири моҳи феврали соли оняда доир мегардад, баррасӣ шуданд.

«Ш.Шоҳиён ба намояндагони САҲА маълумот дод, ки то имрӯз Тоҷикистон аксари тавсияҳои ин созмонро, ки баъди инихоботи парулмонии соли 2010 пешниҳод гардида буданд, ба иҷро расонид», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби нозирони САҲА ба Тоҷикистон оид ба такмили ҷараёни интихобот 25 тавсия пешниҳод гардида буд, ки то имрӯз 18-то он иҷро шудааст.

«Раиси КМИР таъкид дошт, ки тибқи тавсияҳои САҲА ба қонунгузории интихоботи Тоҷикистон дар самти кам кардани гаравпулии интихоботӣ, мустақилона даст кашидани номзадҳо аз иштирок дар маъракаи интихобот, тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ, роҳ надодан ба дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҷараёни интихобот тағйироту иловахо ворид карда шуданд», – қайд кард Додоев.

Бино ба иттилои ӯ, Шоҳиён изҳор доштааст, ки айни замон низ тавсияҳои САҲА, ки ислоҳоти конститутсиониро тақозо мекунанд, аз ҷумла масоили марбут ба роҳ додани номзадии шахсоне, ки маълумоти олӣ надоранд, афроди таҳти тафтишот қарордошта, қабули Кодекси интихоботи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дошта, ин кори як рӯзу ду рӯз нест ва дарҳол ба иҷро намерасад.

Додоев ҳамчунин зикр кард, ки намояндагони САҲА/ДИДҲБ имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Суди олӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент вохӯриҳо гузаронида, бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мулоқот мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.