Боздошти ҷинояткори 11 сол пеш корманди милисаро қатлкарда

Date:



Дар вилояти Суғд ҷинояти куштори корманди милиса, ки 11 сол қабл содир гардида буд, ошкор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар куштори корманди милиса, сокини ҷамоати Кулканди ноҳияи Исфара Маҳмудҷон Акрамов сокини 37-солаи ҳамин ноҳия, қаблан маҳкумшуда бо моддаи 328, қ. 1 КҶ ҶТ (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) Ҳамид Исроилов боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шаби 22-юми апрели соли 2003 боздоштшуда бо корманди милиса дар назди бинои 23/2-и кӯчаи Ленини шаҳри Исфара вохӯрда, ба ӯ бо корд ду зарба мезанад, ки дар натиҷа корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. «Мақсади ба ин амал даст задани боздоштшуда алҳол маълум нест», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел маводи ҷамъшуда ба парвандаи ҷиноии оғозшуда тибқи моддаи 104, қ. 1 (Одамкушӣ) аз 22-юми апрели соли 2003 илова шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...