Қисмати пиёдагузари кӯпруки мошингарди Элок фурӯ рафт (видео)

Субҳи имрӯз қисмати пиёдагузари кӯпруки мошингарди болои дарёи Элок, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ фурӯ рафт. Тавре шоҳидон иброз доштанд, ин ҳодиса баъд аз гузашти як мошини боркаш аз болои пул рух додааст.  Талафоти ҷонӣ дар ин ҳолати фавқулода ба қайд гирифта нашудааст. Намояндагони Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар […]

Азия-Плюс


Субҳи имрӯз қисмати пиёдагузари кӯпруки мошингарди болои дарёи Элок, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ фурӯ рафт.

Тавре шоҳидон иброз доштанд, ин ҳодиса баъд аз гузашти як мошини боркаш аз болои пул рух додааст. 

Талафоти ҷонӣ дар ин ҳолати фавқулода ба қайд гирифта нашудааст.

Намояндагони Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар масъулон дар мавзеи ҳодиса ҳозир шуда, ҳолати рухдодаро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди тахриб шудани як қисмати кӯпрук, ҳаракати нақлиёт аз болои он маҳдуд нашудааст.

Як қисмати пул баста буда, ҳаракати мошинҳо бо тарафи дигари он ҷараён дорад.

Ёдрас мешавем, кӯпруки мазкур ҳаракати автомобилҳоро аз шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои ҷанубии кишвар таъмин мекунад. 

Ҳамарӯза садҳо мошини боркашу сабукрав аз кӯпруки болои дарёи Элок мегузарад ва маҳз аз вазни муқарраршуда барзиёд интиқол додани бор тавассути ин пул аз сабабҳои аслии фурӯравии он арзёбӣ мегардад.

Тафтишот айни ҳол дар ин самт идома дорад ва сабабҳои ҳодиса муайян карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо нашри як огоҳӣ дар сомонаи худ дар робита ба боришоти борони шадид дар рӯзҳои оянда аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ кунанд.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии мамлакат, дар пайи боришоти шадиди борон дар минтақаҳои кӯҳӣ фуромадани ярч ва сар задани ҳолатҳои дигари фавқулода аз эҳтимол дур нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.