Ҳабси сокинони Ваҳдату Восеъ ба гумони ғоратгарӣ

Date:



Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар ҳамлаи ғоратгарона сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ Тоҳир Каримов ва сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат Рамзатулло Амонуллоро ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 5 ба 6-уми ноябр дастгиршудагон ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-и мутааллиқ ба сокини 49-солаи ноҳияи Фархор Мӯсо Исоев нишаста, аз ӯ дархост мекунанд, ки онҳоро то шаҳри Турсунзода расонад.

Гуфта мешавад, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор онҳо ронандаро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас автомашинаи арзишаш 6 ҳазор 200 доллари ИМА-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...