Ба мансабдорони давлатии Тоҷикистон роҳ сӯйи маҷлисҳои маҳаллӣ баста шуд

Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон имрӯз палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он аъзои ҳукумат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳо дар маҳалҳо, прокурору судяҳо, роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ, яъне вакилон дар […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон имрӯз палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он аъзои ҳукумат, роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳо дар маҳалҳо, прокурору судяҳо, роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ, яъне вакилон дар маҷлисҳои вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳуқуқ надоранд.

Вакил Бибидавлат Афзалшоева зимни суханронӣ дар ин робита изҳор кард, ки тибқи ин тағйирот, агар мансабдорони дараҷаҳои зикршуда хоҳиши пешбарии номзадиашон ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллиро дошта бошанд, онҳо уҳдадоранд, ки аз хизмати давлатӣ даст кашанд. «Ин тағйирот ба раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин муовинони онҳо дахл надорад», – иброз дошт Афзалшоева.

Тибқи тағйироти дигар дар қонуни мазкур, аҳзоби сиёсии кишвар, ки дар ин ё он шаҳру ноҳия бахшҳои худро надоранд, ҳамчунин ба пешбарии номзади ҳизб ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва шомил шудан ба ҳайати комиссияҳои интихоботии маҳаллӣ низ ҳуқуқ надоранд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ ба тағйироти марбут ба ҳизбҳои сиёсӣ норозигӣ изҳор намуда, бар ин назар аст, ки онҳо ба афзоиши ҳодисаҳои маҳалгароӣ дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.