Нақшаи пешбинишудаи истихроҷи ангишт пеш аз муҳлат иҷро шуд

Date:



Корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон нақшаи солонаи пешбинишудаи истеҳсоли 700 ҳазор тонна ангиштро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ба санаи 7-уми ноябр дар ҷумҳурӣ беш аз 710 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ба итттилои манбаъ, ҳаҷми ангишти фурӯхташуда 678 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 300 ҳазор тонна бештар аст.

«Харидорони асосии ангишт корхонаҳои саноатӣ ва бахши энергетика мебошанд, ки аз ҳаҷми умумии ангишти фурӯхташуда 82%-аш ба ҳиссаи онҳо рост меояд. Аз ҷумла маркази барқи гармидиҳии Душанбе зиёда аз 184 ҳазор тонна ангишт харид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон захираи ангишти хушсифат дар анборҳои корхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯш беш аз 56 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...