Рӯзи 5-уми ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сардори намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва сафари қарибулвуқӯи Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, сафари Сума Чакрабарти ба Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 ноябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.


