Ёвари прокурори гунаҳкор дар садамаи марговар афв шуд

Date:



Ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки субҳи рӯзи 28-уми сентябр


корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-соларо бо автомашинааш пахш намуда, боиси марги ӯ гардид ва аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ баромад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби эълон шудани афв, парвандаи ҷиноӣ нисбати ёвари прокурор қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки


Ф.Холиқзода ба кор дар мақомоти прокуратура барқарор намешавад, зеро дар афви эълоншуда ин пешбинӣ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола 

бар асари зери чархи автомашинаи

 ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...