Мулоқоти Э.Раҳмон бо президенти Эксимбонк дар Пекин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва анҷом додани мулоқотҳои зиёди дуҷониба дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва анҷом додани мулоқотҳои зиёди дуҷониба дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогу мулоқоти судбахш анҷом дод.

Тавре зикр гардид, бо қарзҳои имтиёзноки ин бонки бонуфузи Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Имрӯз ба имзо расидани як зумра созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар назар аст.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Пекин рӯзи 8-уми ноябр баргузор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.