Дархости кумак аз Русия ҷиҳати озодкунии тоҷикдухтари рабудашуда дар Яман

Date:



Ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷӯҳи пайваста қарор дорад ва  Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ  бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”- и Россия, ки Рофиева Гулрухсор дар асоси қарордод бо ин ширкат ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи маҳаллии минтақаи Маъриб кор мекунад, ҳамеша дар тамос аст.

Гуфта мешавад, бо супориши Вазорат Сафири Тоҷикистон дар Қатар низ барои ҳалли қазияи мазкур вобаста шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи Сафорати Россия дар Тоҷикистон аз Сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор дархости мусоидат кардааст.

Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан

рабуда шуд

. Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...